ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Мизони паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон коҳиш меёбад, гуфт Мария ван Керховен, коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ).
Ба гуфтаи вай, дар ҷаҳон рӯз то рӯз шумораи гирифторони нав коҳиш меёбад.
"Ин ба як қатор омилҳо вобаста аст, аммо пеш аз ҳама ба туфайли тадбирҳое, ки кишварҳо ҷорӣ мекунанд ва имкон медиҳанд, ки занҷирҳои интиқоли вирусро боздоранд ва ҳолатҳои навро пешгирӣ кунанд", - навиштааст Известия аз қавли коршинос.
Коршиноси СҶБ афзуд, ки эмгузаронии оммавӣ дар ҷаҳон ба суст шудани паҳншавии COVID-19 мусоидат кард.
Қариб ним миллион ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID‑19 ошкор шуд
"Ваксинаҳо низ нақш доранд, аммо ин маънои онро надорад, ки ин чораҳоро бекор кардан мумкин аст. Барои бисёр кишварҳо ин як давраи хеле муҳим аст. Бояд риояи курси пешгирифтаро идома диҳем ва ба масъалаи бекор кардани маҳдудиятҳо хеле оҳиста наздик шавем", - гуфт ван Керховен.
То имрӯз дар ҷаҳон 105 387 133 ҳолати сироят ба қайд гирифта шудааст, 58 577 115 нафар шифо ёфта 229983 нафар фавтиданд.
ДУШАНБЕ, 8 март - Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад гирифтори коронавирус шудааст, иттилоъ додааст роҳбари давфтари матбуоти раисҷумҳур дар сафҳаи Twitter-иаш.
Якҷоя бо Асад, ҳамсараш Асма ал-Асад низ ба коронавирус гирифтор шудааст.
"Пас аз эҳсоси нишонаҳои сабуки COVID-19, президент Башор Асад ва ҳамсари ӯ аз санҷиш гузаштанд. Натиҷа нишон дод, ки онҳо ба ин вирус сироят ёфтанд", - омадааст дар хабари хадамоти матбуот.
Маълум шудааст, ки ҳоло вазъи саломатии президенти Сурия ва хонуми ӯ хуб аст. Вазъи онҳо мӯътадил аст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Сурия илова кард, ки ҳафтаҳои наздик Башор ва Асма Асад дар хона хоҳанд монд.
"Президент Асад ва хонум Асма, ба ҳамаи мардуми Сурия ва ҷаҳон ҳифзи саломатӣ мехоҳанд ва аз мардуми Сурия даъват мекунанд,ки эҳтиёткориро идома диҳанд", - илова кард хадамоти матбуот.
Ёдрас мешавем, ки коронавирус дар шаҳри Ухани Чин дар охири соли 2019 пайдо шуд. Дар зарфи шаш моҳ коронавирус ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон паҳн ёфт.
То имрӯз ба ин беморӣ 117,5 миллион нафар бемор шудааст. 2,6 миллион беморон аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
Дар Сурия 15 ҳазору 981 шаҳрвандон гирифтори бемории коронавирус шуданд ва беш аз ҳазор нафар фавтиданд.
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Маркази матбуотии Кумитаи иҷроии ИДМ эълом кард, дар нишасти ин ҷомеъа дар Беларус, аъзо мувофиқати худро бо эҷоди “комиссияи ҳуқуқи башари ИДМ” эълом карданд.
Ширкаткунандагон дар ин нишаст ба лузӯми баррасӣ ва такмили мавзуоти созмонӣ ва молии фаъолияти комиссияи ҳуқуқи башари ИДМ, таъкид карданд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) пас аз фурупошии Шуравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаато тавассути раҳбарони ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина имзо шуд. Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳодия ба дунболи тасмими расмии раисони ҷумҳури кишварҳои узв дар 3 декабри 1993 ва ба дунболи дархости Эдуард Шеварднадзе, раисиҷумҳури Гурҷистон дар 8 октябри 1993 сӯрат гирифт.
Беш аз 70 дарсади буҷети ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.
Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.
Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.
Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.