Маҷаллаи машҳури тиббӣ The Lancet натиҷаҳои таҳқиқоти ваксинаи Sputnik V-ро нашр кард

444
(Таҷдидшуда 17:09 09.02.2021)
Як моҳ пас аз сабти ваксинаи Sputnik V-сохти Русия, ки бар зидди COVID-19 мебошад, бонуфузтарин маҷаллаи илмии ҷаҳон The Lancet имрӯз натиҷаҳои ду марҳилаи аввали тадқиқоти клиникиро нашр кард

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Маҷаллаи байналмилалии илмии The Lancet натиҷаҳои ду марҳалаи аввали тадқиқоти клиникии ваксинаи сохти Русияро бар зидди COVID-19 эълон кард.

Таҳиягарони ваксина аз Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиология ба номи Н.Ф. Гамалеи Александр Гинсбург, Денис Логунов ва директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев дар мусоҳиба бо Sputnik дар бораи ин мақола ва чаро интишори ӯ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим аст, нақл карданд.

Як моҳ пас аз сабти ваксинаи Sputnik V- сохти Русия, ки бар зидди COVID-19 мебошад, бонуфузтарин маҷаллаи илмии ҷаҳон The Lancet имрӯз натиҷаҳои ду марҳилаи аввали тадқиқоти клиникиро дар бораи ин ваксина нашр кард. Нашри ин мақоларо на танҳо ҷомеаи илмии Русия балки ҷомеаи байналмилалӣ низ интизор доштанд. Мақолаи мазкур ба танқиди коршиносони хориҷӣ посух гуфта, ба суолҳои коршиносон тавзеҳоти деринтизор додааст. Олимони рус, ки аввалинанад дар ҷаҳон, ки ваксинаи сохти худро ба қайд гирифтанд, ки на танҳо дар табобати вируси корона муваффақ аст балки комилан бехатар аст. 

Оғози силсила нашрҳо

“Дар моҳи сентябр гузориш дар бораи озмоиши ваксина миёни ҳайвонот низ ба нашр мерасад. Ваксинаи мазкур дар озмоиш миёни ҳайвонот самаранокии 100 дарсадаро  нишод додааст. Натиҷаҳои аввалини тадқиқоти клиникии ваксина дар инсонҳо, ки бо иштироки 40 ҳазор довталаб сурат гирифтааст, дар моҳи октябр-ноябр нашр хоҳад шуд”, — шарҳ доданд дар Марказ ба номи Гамалеи.

Бехатарии ваксинаи Sputnik V яке аз хусолаҳои асосие аст, ки мутахассисони Маркази тадқиқотӣ дар мақолаи илмии худ қайд мекунанд. Мувофиқи натиҷаҳои марҳилаҳои тадқиқотӣ  мутахассисон ягон ҳодисаҳои номатлуби ҷиддӣ  пайдо накарданд. На ҳама ваксинаҳо натиҷаи хуб нишон доданд, баъзеи онҳо то 25 дарсад ҳодисаҳои номатлуб доштанд.

Ваксина 100 дарсад ёрӣ медиҳад

Тарс вуҷуд дошт, ки масунияти мо миқдори зарурии аденовируси инсонро ба организм роҳ намедиҳад, ки вазифаи “такси”-ро дар ваксина иҷро карда, маводи генетикии пӯсти берунии коронавирусро (муҳим аст, ки худи коронавирус бо ваксина ворид намекунад, ки тамоман имконияти сироят гирифтанро истисно мекунад). Аз сабаби он, ки одамон зуд-зуд бо аденовирусҳо (зукоми оддӣ) бемор мешаванд, онҳо метавонанд сироятнопазирӣ пайдо кунанд, ки дар назария метавонад самаранокии ваксинаи коронавирусро коҳиш диҳад. Аммо, натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодкарда аз ҷониби гурӯҳи Маркази ба номи Гамалеи исбот кард, ки масунияти мавҷуда ба самаранокии ваксина таъсир намерасонад.

“Миқдори муайяни бехатар интихоб шуда буд, ки ба 100 дарсад нафарони эмшуда, сироятнопазииро, ҳатто дар он нафароне, ки қаблан ба аз ин вирус сироят ёфта буданд таъмин мекунад. Ин раванд зарурати тавлиди ваксинаҳои навро дар асоси платформаҳои носанҷида коҳиш медиҳад”, — шарҳ дод ташкилоти илмӣ.

 Дар The Lancet маҷалаи олимони рус аз бехатар будани ваксинаи Sputnik V таъкид доштанд. “Ҳамин тавр, аз соли 1953, дар ҷаҳон беш аз 250 таҳқиқот гузаронида шуда, зиёда аз 75 мақолаҳои байналмилалӣ дар бораи бехатарии ваксина ва доруҳо дар ин замина нашр шудааст”, — қайд кардааст, Денис Логунов.

Директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев таъкид кард, ки нашри натиҷаҳои ин таҳқиқотҳои клиникӣ дар The Lancet “посухи ниҳоӣ ба саволҳо мебошад, ки бар зидди Русия фиристодаанд”.

444
Барчаспҳо:
дору, байналмилалӣ, натиҷа, вирус, вируси корона, Sputnik, Русия
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

59
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

59
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон
Крокодил, архивное фото

Дар Индонезия тимсоҳ кӯдакро фурӯ бурд: шикамашро чок карда, ӯро бароварданд

1703
(Таҷдидшуда 19:16 06.03.2021)
Ҳарчанд падари кӯдак зуб бохабар шуд ва хост фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро ба даруни об андохта нопадид шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар рӯдхонаи Темпакули Индонезия як фоҷиаи мудҳиш рух дод. Ба ҳангоми моҳидории падару писар, пимсоҳ ба кӯдак ҳамла намуда, ӯро комилан фурӯ бурд, менависад The ​​Sun.

Ба иттилои манбаъ, хазандаи шаш метра ҳангоми аз соҳил дур шудани падар ба фарзанди 8 - солаи ӯ ҳамла кард.

Вақте ки мард баргашт, ӯ кӯшиш кард, ки даррандаро набард кунаду фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро дар об нопадид  кард.

Манбаъ меафзояд, сокинони маҳаллӣ танҳо рӯзи дигар тимсоҳро дастгир намуданд. Онҳо шиками хазандаро чок карда, аз меъдаи ӯ кӯдакро берун оварданд.

Ҳарчанд ба кӯдак осебе нарасидааст, аммо ӯ мурда буд.

Ҳамин гуна ҳолат дар Филиппин соли 2019 рух дод. Хазанда ба наврас дар ҳоле ҳамла кард, ки ӯ ва бародари хурдиаш дар дарёи маҳаллӣ шиноварӣ мекарданд.

Даҳшат: тимсоҳи азимҷусса сагро дар пеши соҳибаш фурӯ бурд - видео

Он замон тимсоҳ аз дасти чапи кӯдак газида, ӯро ба қаъри дарё кашиданӣ буд, аммо падараш тавонист фарзанди худро наҷот диҳад.

Мард барои наҷоти фарзанд, тимсоҳро аз чанд ҷо газид, ки дар натиҷа ӯ кӯдакро раҳо кард ва худ зери об рафт.

1703
Барчаспҳо:
кӯдак, тимсоҳ, Индонезия