Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Марги 15 нафар пас аз эмшавӣ аз коронавирус дар Нидерландия

176
(Таҷдидшуда 15:33 09.02.2021)
Ҳамаи ин афрод мушкилиҳои зиёде ба саломатӣ доштанд. Афзун бар ин, синну солашон аз 70-сола боло буд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Нидерландия 15 нафар пас аз эм шудан аз коронавирус фавтиданд, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон дар истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.

 Гуфта мешавад, маркази таҳқиқоти хавфу хатарҳои дорусозии Нидерландия Lareb беш аз 15 ҳодисаи марги шаҳрвандон баъди эмкунӣ зидди коронавирусро меомӯзад.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ду нафари фавтидагон аз 70 сола боло буданд. Синну соли дигарон 85 ва болотар аз он буд.

"Ҳамаи ин афрод мушкилиҳои зиёде ба саломатӣ доштанд. Қариб дар ниме аз ин фавтидагон қабл аз маргашон мутахассисон ҳолатҳоеро мушоҳида карданд, ки онро таъсири баръакс метавон номид: табларза, дилбеҳузурӣ, беҳолӣ ва ғайра", - менависад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси коронаро дар олам 107 миллиону 007 ҳазору 830 нафар эълон кард. Аз ин вирус то кунун 2 миллиону 336 ҳазору 339 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон ба 79 миллиону 014 ҳазору 692 нафар расид.

Беш аз 55% ҳодисаҳои нав сироятшудаи шабонарӯзи гузашта дар Амрикои Шимолӣ в Ҷанубӣ  (209 539), минтақаи Аврупо (104 314), Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (24 154) рост меоянд.

Биологҳои амрикоӣ муайян карданд, ки штампи британиёии коронавирус дар ИМА ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта пайдо шуда буд ва ҳоло он дар қаламрави 30 иёлот густариш ёфтааст.

Субҳи рӯзи 8 феврал ҷомеаи мухтори Испания аввалин 200 ҳазор дозаи воксани коронавирус COVID-19 тавлиди ширкати дорусозии AstraZeneca-ро дарёфт кард. Ин воксан ба ҳамаи шаҳрвандони икшвар, ки синнашон аз 18 то 55 аст, ворид карда мешавад.

Чаро баъзе одамон мубталои коронавирус намешаванд? ҷавоби мутахассис

Сафири Иморати Муттаҳидаи Араб дар Москав изҳори умед кард, ки Русия парвози ҳавопаймоҳоро ба ин кишвар тобистон афзоиш медиҳад. Аз ин пештар Москав хабар дода буд, ки бо чанд кишвари олам, аз ҷумла бо Иморат низ парвози ҳавопаймоҳоро ба роҳ мондааст.

Эрон дурнамои ҳамкориҳои бо Русия дар мубориза бо КОВИД-19-ро арзёбӣ кард. Раиси Маҷлиси Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф муносибати Русия дар масъалаҳои воксанро меъёр ва намуна хонд. 

Литва изҳор дошт, ки дар мавриди харидории воксани русии "Спутник V" баъди аз ҷониби ИА қабул шуданаш тасмим хоҳад гирифт.

Русия аз сирояти боз 15 ҳазору 916 нафар дар КОВИД-19 хабар дод. Аз 22 октябри соли гузашта ин аввалин бор аст, ки мубталоёни шабонарӯзӣ аз 16 ҳазор камтар ба қайд гирифта мешавад. 

Қазоқистон 1 003 нафарро чун гирифтори нав дар шабонарӯзи гузашта сабт кард. 

Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди COVID-19 3 трилиону 961 миллиард сум сарф кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии парламони ин кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, маҳдуд кардани фаъолияти корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар робита бо пандемия ба гардиш ва рушди бахши хизматрасонӣ таъсири манфӣ расонид. Аз ҷумла, ҳаҷми савдо дар ҷумҳурӣ танҳо 194,8 триллион сумро (103,2%) ташкил дод.

Коронавирус метавонад инсонро нобино кунад

То 9 феврали соли 2021 дар Узбакистон 79.162 ҳолати сирояти коронавируси Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст. 

176
Барчаспҳо:
марг, вируси корона, Дар ҷаҳон
Люди в масках в Пекине, просматривают свои телефоны

Коронавирус боз авҷ мегирад? СҶБ аз афзоиши сироятшавӣ дар ҷаҳон гуфт

186
(Таҷдидшуда 12:44 02.03.2021)
Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда СҶБ зиёда аз 2,6 миллион ҳолати сироятшавӣ ба коронаиврус дар ҷаҳон сабт намудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавии одамон ба маризии коронавирус хабар медиҳад. Роҳбари ин созмон Тедрос Гебрейесус зимни брифинги ахир гуфт, давоми муддати тӯлонӣ боз сироятшавӣ ба вирус авҷ гирифта истодааст.

"Бори нахуст давоми 7 ҳафтаи ахир мо шоҳиди афзоиш ёфтани мавориди сироятшавӣ ба коронавирус гардидем. Аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ ва Баҳри Миёназамин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст", - тавзеҳ медиҳад Гебрейесус.

Роҳбари СҶБ иллати афзоиш ёфтани мавориди нави сироятшавиро ба сабук шудани маҳдудиятҳҳо ва фориғболии мардум рабт медиҳад.

Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда созмони мазкур зиёда аз 2,6 миллион ҳолати ҷадиди дардманд шудани одамонро ба қайд гирифт.

Сироятшавӣ аз ҳама беш дар Амрико (28,6) сабт шудааст. Дар Ҳиндустон 11,1 миллион, Бразилия 10,5 миллион сабт гардидааст.

Русия аз миёни кишварҳое, ки сироятшавӣ аз коронавирус афзоиш меёбад, дар мақоми чорум ҷой дорад. Дар муддати зикгардида дар ин Русия 4,2 миллион маризи нави коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳон ҳоло беш аз 114 миллион нафар ба коронавирус сироят шуда, ҳамчунин аз ин дард 2,53 миллион нафар фавтиданд.

186
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Бывший президент Франции Николя Саркози

Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд

205
(Таҷдидшуда 19:38 01.03.2021)
Додгоҳи Порис Николя Саркозиро дар фасод гунаҳкор донист ва кишвардори собиқро ба мӯҳлати се сол маҳкум ба зиндон намуд

ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Додгоҳи Порис президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро дар фасод ва тиҷорати нуфуз гунаҳгор донист ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли он шартан аст.

Худи президенти собиқ ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард ва дар мурофиа ҳам ҳузур надошт. 

Додситонӣ инчунин изҳор дошт, ки Николя Саркозӣ кӯшиш кардааст, ки ба корманди суди кассатсионӣ Гилберт Азиберт ришва диҳад ва аз ӯ дар бораи тафтишоти маблағгузории ғайриқонунии маъракаи президентӣ аз ҷониби духтари бунёдгузори L'Oreal Лилиан Беттанкурт маълумот гирад.

Тахмин зада мешуд, ки тавассути вакили шахсии худ Саркозӣ ваъда додааст, ки ба кормандони суд дар гирифтани мақоми бонуфуз дар Монако кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчун, сабтҳоии гуфтугуи телефонии боздоштшудаҳо пешниҳод гардид, ки дар он иштирокчиёни сӯҳбатҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро бо номи воқеии худ намегирифтанд ва худи собиқ сарвари кишвар тахаллуси Пол Бисмутро истифода мебурд.

Ташхис муайян кард, ки дар сабтҳои телефонӣ худи Саркозӣ суҳбат кардааст.

Ҳимоятгар изҳор дошт, ки прокуратура барои баровардани хулоса ҳеҷ асосе надорад. Адвокат Жаклин Лаффонт тавзеҳ додааст, ки "ин танҳо як сӯҳбати дӯстона буд".

Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард

Аммо Саркозӣ бар ин назар аст, ки ҳамаи парвандаҳо як навъ интиқом гирифтани додрасҳо аз ӯст, ки замони раисҷумҳур будан ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекард.

Зимнан, прокуратураи молиявӣ хоҳиш кард, ки ба ӯ 4 соли зиндон, аз ҷумла ду сол шартӣ дода шавад.

Ба ҳамин минвол, Саркозӣ аввалин президенти собиқи Фаронса мебошад, ки ҳукми воқеии зиндонро гирифт.

Ҳанӯз соли 2011, раҳбари пешини Фаронса Жак Ширак барои ташкили ҷойҳои бардурӯғи кори дар шаҳрдории Порис ба 2 соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд.

205
Барчаспҳо:
Николя Саркози, Фаронса
Тюремная вышка, архивное фото

Баъди падар писар: додгоҳ писари муовини раиси ҲСДТ Махмурод Одинаевро равонаи зиндон кард

0
Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳукми писари муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро Маҳмурод Одинаевро содир кардааст.

ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали ҲСДТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, додгоҳ Шайхмуслиҳиддин Ризоевро барои шаш сол равонаи зиндон кард.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, баррасии парванда ва ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев бидуни ширкати хонаводаи ӯ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Ҳакимов, қаблан баҳонаи оғози нофаҳмиҳо миёни мақомот ва Маҳумрод Одинаев маҳз ҳамин писараш буд, зеро ӯ аз нигоҳи равонию шунавоӣ ва биноӣ мушкил дорад, аммо кормандони комиссариати ҳарбии Ҳисор ӯро бо усули "облава" ба хизмат фиристоданӣ мешаванд.

Номбурда гуфт, ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ шояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад.

Як манбаъ аз додситонии шаҳри Ҳисор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаҳои 237, қисми 2 ва 32-138, ки авбошӣ ва кӯшиши таҷовуз ба номус мебошад, муҷрим шинохта мешавад.

Маҳмурод Одинаев, ноиби зиндонии раиси ҲСДТ, қаблан дар расонаҳо аз латукӯби писараш, ки таксӣ меронад,  хабар дода, эҳтимолан онро ба фаъолияти сиёсии худ рабт дод.

Изҳороти ВКД дар бораи Маҳмурод Одинаев: "шахси моҷароҷӯ" аст

Аммо ВКД баъдан ба фаъолияти сиёсии Одинаев рабт доштани латукӯби писараш - Шайхмуслиҳиддин Ризоевро рад карда, изҳор дошт, ки ӯ аз ҷониби Имомиддин Амиршоев, муҳофизи тарабхонаи “Шоми Шӯроб” латукӯб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 2-и шаб дар ҳоле рух додааст, ки муҳофизони тарабхона хостаанд, духтар Шаҳноза Саидоваро аз дасти Ризоев халос кунанд.

Шаҳноза Саидова дар гузориш гуфтааст, ки бо мошини Ризоев назди тарабхона омадааст, аммо пулро надода, изҳор доштааст, ки маблағро дугонааш медиҳад, аммо ронанда бовар накардааст ва муноқиша рух додааст.

Худи Ризоев дар шарҳи қазия изҳор дошт, ки духтари мусофирро аз роҳ савор карда, то пеши тарабхонаи “Шоми Шӯроб”-и деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор бурд, аммо духтар гуфт, ки маблағро дугонааш медиҳад, ки дар тарабхона аст. Ӯ афзуд, ки дар тарабхона дугонаро наёфт ва вақте баромад, Саидова аллакай ба дигар мошин савор шуданӣ буд.

“Ман ӯро аз даруни мошин кашида фаровардам, якто задам, ки бачаҳо тарафи ман давида маро заданд”, - гуфт Шайхмуслиҳиддин Одинаев.

Раёсати тафтишотии ВКД он замон нисбати Амиршоев Эмомиддин ва Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 қ.2 банди б-и КҶ ҶТ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гуфта буд, ки вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, 28 январи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ худи Одинаевро барои 14 сол равонаи зиндон кард ва қабл аз ӯ нисбат ба Ҳабибулло Ризоев писари дигараш низ айб эълон шуда 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

 

0