День 14 февраля

Рӯзи ошиқон ва Рӯзи байналмилалии радио: имрӯзи таърих

105
(Таҷдидшуда 18:52 10.02.2021)
Рӯзи чаҳордаҳуми феврал дар аксар кишварҳои дунё Рӯзи ошиқон таҷлил мегардад. Зимнан ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии радио низ мебошад

Рӯзи 14 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1917 Ҳукумати Англия ба занон иҷозати ронандаи таксӣ шудан дод.

Соли 1960 Фаронса аввалин санҷиши ядроии худро гузаронид.

Соли 1946 Пентагон дар бораи сохта шудани аввалин компютери рақамӣ хабар дод.

Рӯзи 14 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар таъминот бо неруи барқ, тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни  ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

Соли  2013 дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ "Asian Express Airlines" ба қайд гирифта шуд.

Соли 2014 Федератсияи байналмилалии футбол рӯйхати раддабандии дастаҳои миллии футболро нашр намуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё зинаи 14-умро касб намуд.

Соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии сейсмологӣ" муҳокима карда шуд.

Соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 феврал

  • Рӯзи байналмилалии радио.
  • Рӯзи ошиқон

Рӯзи 14 феврал кӣ таваллуд шудааст

Соли 1929 – академик Ислом Абдусаломов.

Соли 1952 – мусиқичӣ, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Дилбар Валаматзода.

105
Барчаспҳо:
таърих, ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон

Лукашенко Лукашенкоро аз мансабаш барканор кард

1315
(Таҷдидшуда 18:55 26.02.2021)
Александр Лукашенко тасмим гирифтааст, ки дар дастгоҳи президенти Беларус тағйироти кадрӣ анҷом диҳад ва писарашро аз вазифа сабукдӯш кунад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Писари калонии президенти Беларус, Виктор Лукашенко роҳбари Кумитаи миллии олимпии кишвар таъйин шуд, хабар медиҳад БелТА.

Бояд қайд кард, ки Виктор Александрович вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллиро ба ӯҳда дорад.

Тибқи изҳороти президенти Беларус, дар робита ба таъйиноти нав, писари калониаш аз вазифаи ёрдамчии президент барканор карда мешавад.

"Имрӯз вай бо тамоми оқибатҳои минбаъда аз вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллӣ озод карда мешавад", - гуфт президенти Беларус.

Писари калони Александр Лукашенко Виктор 28 ноябри соли 1975 таваллуд шудааст. Вай дар қисми махсуси нерӯҳои марзбонӣ хидмат кардааст.

Ӯ қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ, аз соли 2005 ба ҳайси ёвари президент оид ба амнияти миллӣ корро оғоз карда, пас аз ду сол ба Шӯрои амнияти Беларус таъйин шуд. Аз соли 2019, ӯ ноиби президенти КМО буд ва ҳамакнун раҳбари он гардид.

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

Бародари ӯ, Дмитрий Лукашенко, мансаби раиси шӯрои марказии иттиҳодияи ҷумҳуриявии ҷамъиятии "Клуби варзишии президентӣ" -ро дорад ва узви КМО Беларус мебошад.

Писари хурдии Лукашенко Николай 31 августи соли 2004 бидуни никоҳ таваллуд шудааст.

Ваъдаи Лукашенко ба мардумаш: ором шавед, тибқи Сарқонуни нав президент нахоҳам буд

Вай дар литсейи Донишгоҳи давлатии Беларус таҳсил карда, пас аз нооромиҳо дар кишвар ба муассисаи таълимии Маскав интиқол дода шудааст.

1315
Барчаспҳо:
КМО, мансаб, Александр Лукашенко, Беларус
Президент Белоруссии Александр Лукашенко (справа) со своими сыновьями Виктором, Николаем и Дмитрием (слева направо)

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

864
(Таҷдидшуда 17:43 26.02.2021)
Президенти Беларус Александр Лукашенко ба мавзӯи ҳассоси интиқоли қудрат дар кишвар ва ба яке аз писаронаш додани вазифаи сарвари давлат дахл кард

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Пас аз он ки писари Лукашенко вазифаи нав гирифт, дар саросари кишвар овозаҳо паҳн карданд, ки Александр Лукашенко қасд дорад қудратро дар кишвар ба ихтиёри яке аз наздиконаш гузорад.

Александр Лукашенко ин гуна тахминҳоро ба таври дағалона шарҳ дод.

"Ман бисёр вақт мегуфтам, ки ин ҳеҷ гоҳ дар оилаи мо баррасӣ нашудааст ва онро муҳокима кардан мумкин нест. Азбаски пас аз ман ҳеҷ яке аз фарзандони ман дар Беларус президент нахоҳанд шуд", - гуфт Лукашенко пеш аз интихоби роҳбарияти Кумитаи милии олимпӣ, хабар медиҳад БЕЛТА.

Ёдовар мешавем, ки писари калонии президент Виктор Лукашенко ба ҳайси ёвари сарвари давлат ва аз 26 феврал раҳбари Кумитаи миллии олимпии Беларус аст.

Бисёриҳо бар онанд, ки номзади беҳтарин барои мақоми президенти оянда писари хурдии Лукашенко аст.

Николай дар байни занони Беларус маҳбуб аст.
Ғайр аз ин, Александр Лукашенко дар синни 12-солагӣ сар карда карда писарро бо худ ба ҳама чорабиниҳои муҳим мебарад.

Лукашенко: каме дар курсии раисҷумҳури Беларус зиёдтар нишастам

Хотиррасон мекунем, ки президенти Беларус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" эътироф кард, ки шояд ӯ ҳамчун сарвари давлат "каме бештар нишаста" бошад.

Аммо, Лукашенко илова кард, ки ӯ наметавонад ҳоло курсии президентиро тарк кунад.

864
Барчаспҳо:
президент, Александр Лукашенко, Беларус
Раджаббой Ахмадзода посетил с рабочей группой поля с плодовыми деревьями

Дудмонӣ: деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд

0
Дар Суғд низ деҳқонон бо ин роҳ кӯшиш намуданд, ки ҳосилро аз сармозанӣ нигоҳ доранд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд.

Бо омадани ҳавои сард ва аз талаф нигоҳ доштани ҳосили дарахтони гулкунанда дар хоҷагиҳои боғпарварии "Зарнисори Шаҳринав", "ИИАС – Шаҳринав"  ва хоҷагии "Ниҳолпарварӣ"-и ноҳияи Шаҳринав ғарамҳои пахол ва каҳро оташ зада, ба воситаи гармии он ҳосили боғҳоро эмин нигоҳ медоранд.

Кишоварзони ноҳия бо маслиҳати мутахассисони соҳа дар зери дарахтони олу, зардолу, шафтолу ва токзор корҳои дудмониро ба роҳ мондаад.

Бо супориши роҳбарияти ноҳия доир ба  сардиҳои охири моҳ, ки истифодаи дудмонӣ барои дарахтони пешпазак ҳамчун воситаи пешгирии талафи ҳосил ва гулу муғчаҳо ба маврид аст, имрӯзҳо дар ҳамаи боғҳои ноҳия аз ин усул  истифода намуда истодаанд.

Пештар дар Суғд низ бо ҳамин роҳ кӯшиш карда буданд, ки ҳосилро аз талафот нигоҳ доранд. Имсол охирҳои моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво якбора гарм ва то 27 дараҷа шуд, ки дар натиҷа дарахтон гул карданд. Аммо чанде пеш обуҳавошиносон хабар доданд, ки ҳавои кишвар якбора сард мешавад.

0