Боевики движения Талибан, архивное фото

Роҳбари "Толибон" мулло Мутеуллоҳ кушта шуд?

275
(Таҷдидшуда 16:39 14.02.2021)
Расонаҳо дар бораи кушта шудани роҳбари "Толибон" хабарҳои нақиз нашр мекунанд. Тибқи иттилои бархе аз онҳо, роҳбари гурӯҳи террористӣ дар наздикии Покистон кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Бархе манобеи хабарӣ дар Кувайтаи Покистон аз кушта шудани мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода- раҳбари гурӯҳи террористии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия)  хабар доданд.

Тавре "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳо менависад, як рӯзномаи афғонӣ "Ҳашт субҳ" аз кушта шудани роҳбари гурӯҳи террористӣ дар як таркиш кушта шудааст.

 

"Бар асари таркише дар шаҳри Кувайтаи Покистон мулло Ҳайбатуллоҳ- раҳбари Толибон,мулло Мутеъуллоҳ-раиси амният ва Ҳофиз Абдулмаҷид-масъӯли молии Толибон ҷон бохтаанд", - навиштааст "Ҳашт субҳ".

Ин таркиш дар минтақаи ҳифозатшудаи марбут ба Ҳофиз Абдулмаҷид дар минтақаи "Чолўи боварӣ"-и шаҳри Кувайта дар иёлати Балучистони Покистон рух додааст .

Гурӯҳи Толибон ва манобеи мустақили дигар то кунун дар ин бора изҳори назар накарда, аммо бархе манобеъ ин хабарро такзиб кардаанд.

Мулло Ҳайбатуллоҳ, ки дар даврони ҳукуматдории Толибон қозиюлқуззот буд пас аз кушта шудани Ахтар Муҳаммади Мансур-раҳбарии Толибонро бар ӯҳда гирифт.

Тағйири сиёсат: Амрико дар тавофуқ бо Толибон бознигарӣ мекунад

Дар ҳамин ҳол Ториқ Ориян-сухангӯии вазорати дохилаи Афғонистон эълом кард, ки бар асари инфиҷори як худрави бомбагузоришуда дар таҷаммуъи Толибон дар шаҳристони Чимтоли вилояти Балх, 22 тан аз аъзои ин гурӯҳ кушта ва 8 тани дигар ҳам захмӣ шудааанд.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда таркиши рӯзи гузашта дар масҷиде дар вилояти Балх низ боиси кушта шудан 30 тан аз аъзоии Толибон аз ҷумла шаш хориҷӣ шуд.

275
Барчаспҳо:
Афғонистон, куштор, Толибон
Абдул Рашид Дустум. Архивное фото

Дустум ба Толибон ҳушдор дод

390
Генерал Абдуррашид Дустум, ки ихтилофоти бисёре бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон доштааст, пас аз ҳудуди ду сол рӯзи гузашта вориди Кобул шуд

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Генерал Абдуррашид Дустум аз фармондеҳони машҳeри ҷиҳодии Афғонистон ба Толибон (гурӯҳи террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳушдор дод, ки ба хушунату қатли оми мардум поён диҳанд.

Бино бар иттилои "Парс тудей", раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон, ки дар чаҳор даҳаи ҷанги ин кишвар аз ҷумла бо Шуравӣ ва Толибон таҷрибаи арзанда дорад хитоб ба Толибон гуфт: Ҳамла ба занон, кудакон, хабарнигорон ва кормандони расонаҳо, ки ҳеч гуна дифое аз худ надоранд, таҷовуз ба ҳуқуқи инсонҳо ва каромати инсонӣ аст .

Генерал Абдуррашид Дустум, ки ихтилофоти бисёре бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистон доштааст, пас аз ҳудуди ду сол рӯзи гузашта вориди Кобул шуд.

"Агар гуфтугуҳои сулҳ ба шикаст мунҷар шавад, дар ҷанг ширкат хоҳад кард ва ба яқин нерӯҳои тарафдори ӯ ин гурӯҳи ҷангталабро шикаст хоҳанд дод", - таъкид кард вай.

Дустум афзудааст, ки Афғонистон дар шароити ҳассосе қарор дорад ва бояд тамоми гурӯҳҳо бо давлати Ашрафғанӣ муттаҳид шаванд, то манотиқи таҳти тасарруфи Толибонро озод кунанду оромишро ба зиндагии мардум боз гардонанд.

Вазири корҳои хориҷа: Тоҷикистон иртиботе бо Толибон надорад ва гуфтушунид низ накардааст

Раиси Ҷумбиши миллӣ-исломии Афғонистон рӯзи шанбе пас аз вуруд ба шаҳри Кобул мавриди истиқболи Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва ҷамъи зиёде аз шаҳрвандону чеҳраҳои сиёсӣ қарор гирифт.

Дустум қарор аст бо Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳӯрӣ ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон низ дидор ва дар бораи охирин таҳаввулоти ин кишвар гуфтугӯ кунад.

390
Принц Саудовской Аравии М. ибн Салман Аль Сауд

Амрико дар куштори Хошуқҷӣ шаҳзодаи арабро муттаҳам мекунад

222
(Таҷдидшуда 19:58 27.02.2021)
Дар гузориши истихбороти ИМА қайд карда мешавад, ки шоҳзодаи валиаҳд рӯзноманигор Хошуқҷиро ҳамчун таҳдид ба Арабистони Саудӣ мешуморад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Амалиёти боздошт ё куштани рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ дар Истамбул, дар соли 2018 аз ҷониби шахсан валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон тасдиқ карда шуда буд. Дар ин бора дар гузориши дафтари мудири иктишофи миллии ИМА омадааст, менависад РИА Новости.

Масъулони иктишоф муътақиданд, ки сатҳи шоҳзода аз болои тасмимгирӣ дар кишвар ба ҳадде баланд аст, ки ин бидуни ризоияти ӯ ба вуқӯъ намеомад.

"Валиаҳд Хошуқҷиро таҳдид ба подшоҳӣ арзёбӣ кард ва дар сурати зарурат барои хомӯш кардани ӯ истифодаи чораҳои зӯровариро дастгирӣ кард", - омадааст дар гузориш.

Дар ин санад омадааст, ки мақомоти Арабистони Саудӣ ин амалиётро тарҳрезӣ кардаанд ва 21 нафареро номбар кардаанд, ки ИМА онҳоро "бо итминони баланд" гумонбарони қатли Хошуқҷӣ қарор додааст. Дар айни замон, иктишоф наметавонад иддао кунад, ки шахсони алоқаманд медонистанд, ки ниҳояти ин амалиёт чӣ мешавад.

Пас аз интишори гузориши иктишофӣ, Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз ҷорӣ кардани "Таҳримҳои Хошуқҷӣ" хабар дод.

"Ин имкон медиҳад, ки маҳдудиятҳои раводид алайҳи шахсоне ҷорӣ карда шаванд, ки ҳангоми намояндагӣ аз ҳукуматҳои хориҷӣ ба амалҳои ҷиддии экстерриториявӣ алайҳи дигарандешон, аз ҷумла саркӯб кардан, таъқиб, мушоҳида кардан, таҳдид ё зарар расонидан ба рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар шахсон анҷом додаанд ", - гуфт вай.

Пас аз интишори гузориш, арӯсшавандаи рӯзноманигори кушташуда Хадиҷа Ҷенгиз хештеги #justiceforjamal ("адолат барои Ҷамол") -ро дар Twitter нашр кард.

Гузоришгари вижаи СММ оид ба қатлҳои ғайриҳуқуқӣ Агнес Калламард аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки алайҳи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон таҳримот ҷорӣ кунанд.

"Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бояд алайҳи валиаҳд, тавре ки бо дигар ҷинояткорон кардааст, нисбати дороиҳои шахсии ӯ ва инчунин ӯҳдадориҳои байналмилалии худ таҳримот ҷорӣ кунад" гуфт ӯ дар изҳорот.

Дар навбати худ, мақомоти Арабистони Саудӣ хулосаҳои гузориши иктишофии ИМА дар бораи иштироки валиаҳд дар куштори Хошуқҷиро рад карданд.

"Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баҳои манфӣ, дурӯғин ва ғайри қобили қабул дар бораи ҳисоботи роҳбарияти Салтанатро, ки дар гузориш омадааст, комилан рад мекунад ва қайд мекунад, ки дар ин гузориш иттилоот ва хулосаҳои носаҳеҳ мавҷуд аст", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.

Вазорати корҳои хориҷии салтанати Ховари Миёна инчунин қайд кард, ки байни ИМА ва салтанат "шарикии қавӣ" вуҷуд дорад.

Бернӣ Сандерс аз Трамп хост муколамаи телефониашро бо Муҳаммад бин Салмон ифшо намояд

Рӯзноманигори маъруфи саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ аз соли 2017 дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекард ва дар Washington Post кор мекард. Вай моҳи октябри соли 2018 дар Истамбул кушта шуд.

Дар ибтидо мақомоти Арабистони Саудӣ нопадид шудани ӯро дар консулгарии Арабистон рад карданд, аммо пас аз муддате пас аз пайдо шудани сабтҳои видео ва аудио, онҳо эътироф карданд, ки Хошуқҷӣ "дар натиҷаи муноқиша бо масъулони консулгарӣ" кушта шудааст. Полиси Туркия ҳеҷ гоҳ натавонистааст ҷасади ӯро пайдо кунад.

Расонаҳои арабӣ версияҳоеро пешниҳод карданд, ки фармони куштори Хошуқҷӣ, ки амалҳои мақомоти Арабистони Саудиро танқид мекунад, метавонист ба довталаби тахти салтанат - шоҳзодаи валиаҳд дода шавад. Аммо, Вазорати корҳои хориҷии Салтанат изҳор дошт, ки валиаҳд бо ин ҷиноят ҳеҷ иртибот надорад.

222
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

0
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон