ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Олимони ширкат фаронсавии BioSerenity ниқоберо омода намуданд, ки натанҳо аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус пешгирӣ мекунад, балки вирусро тамоман мекушад.
Covid-19 : un masque "tueur de virus" mis au point avec l'université de Lille @BioSerenity @univ_lille @InsermNordOuest @CHU_Lillehttps://t.co/bydfldCylp pic.twitter.com/4lMUrNXciL
— France Bleu Nord (@fbleunord) February 16, 2021
Ба таъкиди олимон, ниқоби мазкур ба ҷуз вируси COVID-19 ҳамчунин қобилияти маҳв кардани дилхоҳ вирусро дорад.
Чунин таъсири пурқувват аз "таркиби" махсуси ниқоб вобаста аст: ба он як қабати махсуси бофандагӣ дӯхта мешавад, ки вирусҳоро аз ҳисоби молекулаҳои сиклодекстрин ва аммиаки чорум "нобуд" мекунад.
Ҳарчанд қимати чунин ниқоб гарон нест ва ҳамагӣ 1,49 евроро ташкил медиҳад, вале бо тавсияи олимон онро набояд бештар аз 4 соат пӯшид.
Донишмандон дар тааҷҷуб: шумори мубталоён ба коронавирус дар Ҳинд якбора коҳиш ёфт
Қаблан мутахассисон самаранокии ниқобҳои матоъро зери шубҳа гузошта буданд. Ба гуфтаи онҳо, ниқоб қобилияти пурраи муҳофизатиро надорад.
Бо вуҷуди ин, дар робита ба паҳншавии коронаиврус дар тамоми ҷаҳон, риоя кардани чораҳои пешгирикунанда ҷиддан талаб карда мешавад.
Риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани вирус арзёбӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи вазорати дифоъи ин кишвар.
Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.
Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.
Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.
Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиаӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.
Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.
"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард
Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.
"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.
Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф ҳафт бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи зарурати ҷорӣ кардани шаҳодатномаҳои электронии эмгузаронӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар ин бора садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар пайи як нишаст дар бораи коронавирус изҳор дошт.
"Барои коркарди масъалаҳои техникӣ ба Комиссияи Аврупо тақрибан се моҳ лозим аст", - илова кард вай.
Ба гуфтаи Меркел, чунин шаҳодатномаҳо заминаи сафар дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва инчунин вуруд ба қаламрави он аз кишварҳои сеюм хоҳанд шуд.
Инчунин, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Аврупо қайд карданд, ки онҳо ба мувофиқа расиданд, то тасдиқ ва истеҳсоли ваксинаҳоро тезонанд.
"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба кишварҳо тавсия надод, ки "шиносномаҳои ковид" -ро, ки барои сафарҳои байналмилалӣ истифода мешаванд, пешниҳод кунанд.
Гап дар сари он аст, ки маъракаҳои эмгузаронӣ ҳанӯз характери оммавӣ нагирифтаанд ва маълум нест, ки ваксинаҳо ба паҳншавии COVID-19 чӣ гуна таъсир мерасонанд.
Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.
Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.
Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд.
Гуфта мешавад, паас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.
Феълан дар бораи талафони ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ бино пурра тахриб шудааст.
Ба иттилои шоҳидон садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.
Маълумоти бештар дақиқи карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.