Чаро Русия мехоҳад Амрикоро аз ҷанг ва шармандагӣ наҷот диҳад?

CC BY 2.0 / The U.S. Army / Afghanistan securityАфганистан - Армия США
Афганистан - Армия США  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Обуна шудан
Вазирони дифои кишварҳои узви НАТО тариқи видеоконфронс ҷаласаи дурӯза доранд – ин аввалин ҷаласа пас аз ба сари қудрат омадани Ҷо Байден дар Амрикост
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Натиҷаҳои ин мулоқот барои тамоми ҷаҳон оқибатҳои фарогир хоҳад дошт.  Қарор аст, вузарои дифои кишварҳои узви НАТО консепсияи нави стратегиро таҳияи кунанд, ки дар он на танҳо Русия, балки Чин низ дар қатори рақибони асосӣ номбар хоҳад шуд. Ин, албатта, хеле муҳим аст - НАТО солҳои охир барои мустаҳкам кардани равобити Русияву Чин кори зиёд аныом додааст, ба ҳамин хотир инҷо дигар чизе ҷолибе нест. Аммо бояд гуфт, ки дар ин ҷаласа бояд боз як қарори дигар қабул карда шавад, ки метавонад дар моҳҳои наздик ба як хунрезии бузург табдил ёбад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Доналд Трамп дар тӯли даҳсолаҳои ахир аввалин президенти Амрико буд, ки таҳти роҳбарии ӯ Амрико дар ягон кишвар ҷанги навро оғоз накард. Илова бар ин, ӯ инчунин кӯшиш кард, ки ба ҷангҳои мавҷуда хотима бахшад ва сарбозони амрикоиро ба хонащояшон баргардонад. Пеш аз ҳама, аз Афғонистон - як сол пеш Вашингтон бо ҷунбши Толибон (мамнӯъ дар Русия), ки контроли қисми зиёди кишварро дар ихтиёр доранд, дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ созишнома имзо кард.
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2021
Амрико аз коҳиши шумори низомиёнаш дар Ироқу Афғонистон эълон кард
Нирӯҳои Амрико бояд то 1 май пурра аз ин кишвар бароварда шаванд - яъне то комилан хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон камтар аз ду моҳ мондааст. Трамп тавонист шумори низомиёнашро дар ин кишвар аз даҳ то 2,5 ҳазор нафар расонд - аммо, илова бар ин ғайр аз нирӯҳои Амрико, дар Афғонистон 7,5 ҳазор сарбози НАТО ҳузур дорад. Табиист, ки ин нирӯҳо низ бояд аз ин кишвар бароварда шаванд. Аммо акнун хуруҷи нирӯҳо метавонад матаваққиф шавад - ин мавзуест, ки вазирони дифоъи НАТО онро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳукумати ҷадиди Амрико намехоҳад Афғонистонро аз даст диҳад ва нирӯҳояшро аз ин кишвар барорад - ба таври расмӣ, тасмим барои хуруҷи нерӯҳо қабул нашудааст, аммо Вошингтон аллакай эълом доштааст, ки "созишномаи Трампро бознигарӣ мекунад" ва "баррасӣ хоҳанд кард, ки оё Толибон ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи худро иҷро мекунанд ё не". Бояд гуфт, ки вазири нави умури хориҷаи Амрико Энтони Блинкен соли гузашта гуфта буд, ки Амрико бояд дар Афғонистон бимонад. Ба ҳамин хотир метавон гуфт, ки масъала ҳалшуда аст. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг чанде пеш шикоят мекард, ки тасмим дар бораи "ҳузури НАТО дар Афғонистон" осон нахоҳад буд:
"Мо метавонем бимонем ва ҳузури низомии худро идома диҳем ё мо метавонем Афғонистонро тарк кунем ва кишварро боз ба паноҳгоҳи террористон табдил диҳем. Интихоби осон вуҷуд надорад. <...> Толибон бояд ваъдаҳои худро дар бораи коҳиш додани хушунат ва қатъи робитаҳояшон бо террористонро иҷро кунанд. Мо ҳоло сатҳи баланди хушунат аз сӯи Толибонро мебинем, ки ҳамчунин бар зидди табибон, судяҳо ва журналистон равона шудааст", - гуфт Столтенберг.
Мушкилоти амрикоиҳо дар он аст, ки онҳо наметавонанд Афғонистонро тарк кунанд ва режими барои онҳо дӯстро дар онҷо нигоҳ доранд - ин комилан ғайри имкон аст. Тақрибан бист соли ишғол Афғонистон аз сӯи Амрико ба ҷуз нафрати табақаҳои гуногуни ҷомеаи ин кишвар чизи дигаре наовард. Аз ҷумла он нафароне, ки ҳоло дар сари қудрат ҳастанд, хуб медонанд, ки дар баробари рафтани нирӯҳои амрико, вақти онҳо низ ба поён мерасад.
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2020
Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад
Ягона созиши имконпазир барои пешгирӣ аз ҷанги ҳама зидди ҳама метавонад таъсиси ҳукумати эътилофӣ бошад - ва ин ба назар мерасад дар замимаҳои махфии шартномаи Амрико  ва Толибон баррасӣ шуда буд. Аммо мақомоти Кобул метарсанд, ки бо Толибон созиш кунанд. Ба ҳамин хотир онҳо як сол вақтро сарф карданд ва гуфтушунидҳои воқеии дохилиро дар Афғонистонро оғоз накарданд. Мунтазири тағйири ҳукумат дар Амрико буданд? Бале. Аммо суол дар ин аст, ки Ҷо Байден мехоҳад дар Афғонистон боз як ҷанги ҷадидро оғоз намояд ва ҳазорҳо сарбози худро ба ин кишвар фиристад?  
Дар аввал, Амрико мехостанд дар Афғонистон мавқеи худро дошта бошад. Онҳо мехостанд заминаи дошта бошанд, ки тавонанд нуфузи худро ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият диҳанд, аз ҷумла ба Русия ва Чин. Аммо, дар 20 соли охир амрикоиҳо дар Афғонистон ҳеҷ дастгирии боэътимоде пайдо накарданд.
Ҳоло Вашингтон барои ҳалли ин масъала ду роҳ дорад.
Роҳи аввал -Толибон амалиёти ҷангиро аз сар мегиранд, Амрико нирӯҳояшро зиёд намуда ва кӯшиш мекунад, ки артиши Афғонистонро бедор кунад.  Вале ин ба таври маъмулӣ хотима хоҳад ёфт, яъне бидуни пешравӣ. Амрикоиҳо маҷбур мешаванд пойгоҳҳои низомии худро шармандавор ба таври изтирорӣ бароранд.
Варианти дуюм ҳанӯз имконпазир аст, аммо Амрико барои он ба Русия ниёз дорад. Онҳо бояд Толибонро бовар кунонанд, ки радди ҳозираи хуруҷи нерӯҳо тадбири муваққатӣ аст.
Американские военнослужащие в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Амрико дар бораи хуруҷи низомиён аз Афғонистон фикрашро иваз кард
Яъне, Амрико созишномаи моҳи феврали соли 2020-ро вайрон намекунанд - онҳо танҳо иҷрои ӯҳдадориҳои худро каме тағир медиҳанд. Оё Толибон ба ин иқдом розӣ мешавад? Бале, аммо танҳо ба як шарт: агар музокироти воқеии дохили Афғонистон оғоз шавад. Барои ин ба мақомоти Кобул фишори хеле шадид лозим аст - ва инро на танҳо Амрико, балки Русия ва Чин низ бояд анҷом диҳанд.
То охири моҳи феврал дар Маскав мулоқоти бисёрҷониба оид ба сулҳу суботи Афғонистон дар шакли "сегонаи бузург" баргузор мешавад. Русия, Амрико, Чин ва ду ҳамсояи Афғонистон, ки ба он таъсири бузург доранд - Покистон ва Эрон. Ҳарчанд иштироки эрониҳо ҳанӯз зери суол аст (эрониҳо, комилан, намехоҳанд бо амрикоиҳо сари як миз нишинанд), аммо маъмурияти Байден аллакай ба мулоқот омода аст, гуфт ахиран Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Русия дар мавзуи Афғонистон.
Аммрико барои аз Афғонистон нисбатан оромона хориҷ шудан, ба кумаки Русия ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0