Сармои бесобиқа дар Амрико ҷони 70 нафарро гирифт

342
(Таҷдидшуда 14:24 21.02.2021)
Дар паи шароити бархоста аз сармову яхбандони бесобиқа дар бахшҳои ҷанубии Амрико, бахусӯс Техас ва ҳамчунин қатъи барқу системаҳои гармоишӣ то кунун 70 нафар ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.  Ба гузориши хабаргузории Форс, талафоти сармои бесобиқаи зимистонӣ дар Амрико ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст ва то кунун 70 нафарро ба коми марг кашонда ва бисёри дигарро бидуни барқу оби ошомиданӣ гузоштааст.

Ба гузориши вебгоҳи хабарии “Ҳил” дар шаҳри Форт Ворси иёлати Техас, танҳо дар рӯзи чаҳоршанбе 77 маврид гузориши сармозадагӣ сабт шуд.

Бархе аз мардум дар пайи ёфтани гармо ба мошинҳои гироншуда ё канори генераторҳо паноҳ бурдаанд, ки боиси як қатор маргу  мирҳои вобаста ба заҳролудшавӣ бар асари гази оксиди карбон шудааст.

Байден фурӯши силоҳро дар Амрико маҳдуд мекунад

Дар паи ин вазъият  Ҷо Байден, раисҷумҳӯри Амрико бо эъломи вазъияти изтирорӣ дар иёлатҳои Техас,Луизиана ва Оклахома мувофиқат кард . Байден эъломияи фоҷеъаи бузург барои Техасро содир кард, то манобеи бештаре барои расидагӣ ба қатъии барқу камбӯди об дар ин иёлати мавриди истифода қарор бигирад.

342
Барчаспҳо:
яхбандӣ, барқ, ҳалокат, сармо, Амрико

COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст

13
(Таҷдидшуда 18:41 06.03.2021)
Интизор меравад, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар дар доираи механизми COVAX бо ваксин алайҳи коронавирус таъмин шаванд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби ваксин алайҳи маризии коронавирус шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома аз ҷумла кишварҳои африқоӣ ба мисли Нигария, Судон, Гана, Руандо,Лесота ваксинро дастрас карданд.

Илова бар ин, COVAX, Ҳиндустону Комбоҷа, Молдова ва Колумбияро низ бо ваксин таъмин кардааст.

Дар ҳамин ҳол, СҶБ мегӯяд, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби ваксин алайҳи вируси COVID - 19 мегарданд. Ҷамъан 14,4 миллион воя ваксин миёни 31 давлат таҳсимбандӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон расман ваксини AstraZeneca-ро тасдиқ кард. Чанде пеш, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон барои қаблуи ваксини мазкур тамоми шароит дорад ва ҳоло воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он омода шудааст.

Таъкид мегардад, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

13
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Боевики взорвали машину и напали на ресторан в Сомали. Кадры с места ЧП

Таркиши мудҳиш дар Сомалӣ 20 нафарро кушт

66
(Таҷдидшуда 09:46 06.03.2021)
Дар Сомалӣ як таркиши шадид рух дод, ки 20 тан дар паи он қурбон шуда, 30 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд

ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Дар пойтахти Сомалӣ - Могадишо таркиши мудҳиш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора нашрияи Garowe Online хабар медиҳад.

Тибқи маълумот, таркиш дар назди тарабхонаи машҳур дар наздикии зиндони шаҳр рух додааст. Пас аз он, шоҳидон садои тирпаррониро шуниданд. Бомба дар мошине буд, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард ва дар назди як муассисаи хӯроки умум таркид.

Reuters бо такя ба шӯъбаи ёрии таъҷилии маҳаллӣ, дар бораи ҳалокати 20 нафар хабар медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 30 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

"Дар ҳоли ҳозир, мо 20 кушта ва 30 маҷрӯҳро аз ҷои таркиш берун овардем", - гуфт сухангӯи хадамоти ёрии таъҷилӣ ба агентӣ.

Ба далели таркиш, кормандони полиси шаҳр тамоми роҳҳои сӯи ин маҳалро бастанд.

То ҳол ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳои дар ин кишвар фаъолиятдошта масъулияти ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.

Пештар дар Могадишо ду нафар бар асари таркиши бомби канори роҳ кушта шуданд. Дастгоҳ дар минтақаи Ходан ҳангоми гузаштани кортеж, ки муовини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Сомалӣ Аббос Амин буд, мунфаҷир шуд. Дар натиҷаи таркиш, ӯ осеб надид, аммо ду посбонаш кушта ва дигаре захмӣ шуд.

Шоҳидон дар бораи таркиши маркази савдо дар Владикавказ нақл карданд – видео

Масъулияти таркишро гурӯҳи радикалии "Ал-Шабоб" бар дӯш гирифт. Он бо созмони байналмилалии террористии "Ал-Қоида" - (мамнуъшуда дар Русия ва Тоҷикистон), ки дар иртибот дорад.

66
Барчаспҳо:
кушт, куштӣ, таркиш, Сомалӣ