Ваксинаи эронии корона, омодаи вуруд ба марҳилаи дуввуми озмоиши инсонӣ

83
(Таҷдидшуда 09:56 22.02.2021)
Бо тамоми таҳримҳо зербиноҳои сохти ваксинаи тавлид ва сохта шуд ва ҳоло ин маҷмӯа ин имконотро ба вуҷуд оваардааст

ДУШАНБЕ, 22 фев— Sputnik. Мино Маҳраз, мутахассиси нозир бар корозмоии болинии ваксинаи "Ков Эрон Баракат" рӯзи якшанбе натоиҷи озмоиши ваксинаи "Ков Эрон Баракат" бисёр олӣ арзёбӣ  кард.

"Баъд аз итмоми тазриқҳо ва ироаи натоиҷ эҳтимолан ҳафтаи оянда вориди марҳилаи баъдӣ ва баррасии асаргузорӣ хоҳем шуд", - гуфт вай.

Бо тамоми таҳримҳо зербиноҳои сохти ваксинаи тавлид ва сохта шуд ва ҳоло ин маҷмӯа ин имконотро ба вуҷуд оваардааст, афзуд ӯ.

Инчунин Фарид Наҷафӣ, муовини таҳқиқот ва фановарии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Марҳилаи сеюми озмоиши клиникии ваксинаи Эрону Куба шояд дар давоми як моҳи оянда оғоз шавад.

Муовини вазири таҳқиқот ва технологияи Вазорати тандурустӣ ва таълими тиббии Эрон афзуд: "Ваксинаи Куба, ки бояд дар ҳамкорӣ бо Эрон истеҳсол шавад, дар Куба марҳилаҳои як ва ду ва марҳилаи сеюмро тай кардааст, ки шояд 30-40 ҳазор нафар вориди мутолиа мешаванд, дар Эрон ва Куба ҳамзамон анҷом мешавад.

83
Бывший президент Франции Николя Саркози

Николя Саркозӣ ба се соли ҳабс маҳкум шуд

183
(Таҷдидшуда 19:38 01.03.2021)
Додгоҳи Порис Николя Саркозиро дар фасод гунаҳкор донист ва кишвардори собиқро ба мӯҳлати се сол маҳкум ба зиндон намуд

ДУШАНБЕ, 1 март - Sputnik. Додгоҳи Порис президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро дар фасод ва тиҷорати нуфуз гунаҳгор донист ва ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард, ки ду соли он шартан аст.

Худи президенти собиқ ҳамаи иттиҳомотро комилан рад кард ва дар мурофиа ҳам ҳузур надошт. 

Додситонӣ инчунин изҳор дошт, ки Николя Саркозӣ кӯшиш кардааст, ки ба корманди суди кассатсионӣ Гилберт Азиберт ришва диҳад ва аз ӯ дар бораи тафтишоти маблағгузории ғайриқонунии маъракаи президентӣ аз ҷониби духтари бунёдгузори L'Oreal Лилиан Беттанкурт маълумот гирад.

Тахмин зада мешуд, ки тавассути вакили шахсии худ Саркозӣ ваъда додааст, ки ба кормандони суд дар гирифтани мақоми бонуфуз дар Монако кӯмак хоҳад кард.

Ҳамчун, сабтҳоии гуфтугуи телефонии боздоштшудаҳо пешниҳод гардид, ки дар он иштирокчиёни сӯҳбатҳо ҳеҷ гоҳ якдигарро бо номи воқеии худ намегирифтанд ва худи собиқ сарвари кишвар тахаллуси Пол Бисмутро истифода мебурд.

Ташхис муайян кард, ки дар сабтҳои телефонӣ худи Саркозӣ суҳбат кардааст.

Ҳимоятгар изҳор дошт, ки прокуратура барои баровардани хулоса ҳеҷ асосе надорад. Адвокат Жаклин Лаффонт тавзеҳ додааст, ки "ин танҳо як сӯҳбати дӯстона буд".

Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард

Аммо Саркозӣ бар ин назар аст, ки ҳамаи парвандаҳо як навъ интиқом гирифтани додрасҳо аз ӯст, ки замони раисҷумҳур будан ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекард.

Зимнан, прокуратураи молиявӣ хоҳиш кард, ки ба ӯ 4 соли зиндон, аз ҷумла ду сол шартӣ дода шавад.

Ба ҳамин минвол, Саркозӣ аввалин президенти собиқи Фаронса мебошад, ки ҳукми воқеии зиндонро гирифт.

Ҳанӯз соли 2011, раҳбари пешини Фаронса Жак Ширак барои ташкили ҷойҳои бардурӯғи кори дар шаҳрдории Порис ба 2 соли ҳабси шартӣ маҳкум шуд.

183
Барчаспҳо:
Николя Саркози, Фаронса
Премьер-министр Никол Пашинян

Пашинян гуфт, ки дар бораи "Искандар" ба ӯ маълумоти нодуруст додаанд

228
(Таҷдидшуда 17:08 01.03.2021)
Никол Пашинян, изҳороташ дар бораи бесамарии ҷангии силоҳҳои Русия аз ҷумла "Искандар" тағйир дод

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян пас аз сӯҳбат бо Владимир Путин ба хулосае омад, ки ба ӯ дар бораи вазъи системаҳои мушакии Русия, ки ба ҷумҳурӣ интиқол дода шудаанд, маълумоти нодуруст додаанд.

Дар ин бора Sputnik Арманистон бо такя ба гуфтаҳои котиби матбуоти ҳукумат Мане Геворгян хабар додааст.

"Гузашта аз ин, изҳороти сарвазир ба мундариҷа ва сифати муносибатҳои иттифоқии Арманистон ва Русия дар соҳаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-саноатӣ ҳеҷ иртибот надорад. Шубҳае нест, ки силоҳи Русия яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст",- омадааст дар варақаи иттилоотӣ.

Жириновский гуфт Пашинян сабаби шикасти Арманистон хоҳад шуд - видео

Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, изҳороти Пашинян дар ин масъала "ҳақиқатро барқарор кард".

Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон

Пас аз изҳороти сарвазири Арманистон дар бораи мушаки "Искандар"-и Русия дар Ереван иқдомҳои муназзами эътирозӣ баргузор шуданд.
Вай изҳор дошт, ки таҷҳизот ҳангоми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз кор мондаанд.

Тибқи иттилои расонаҳо, муовини сардори Ситоди Генералии Арманистон сарвазирро масхара кардааст, ки Пашинян барои он ӯро аз кор озод карданӣ шуд.

Вай инчунин фармонро дар бораи истеъфои раиси Ситоди Генералӣ Оник Гаспарян омода кард, аммо президент Армен Саркиссян аз имзо даст кашид.

Сарвазир ба маъмурияти президент муроҷиати дуввум фиристод. Фраксияи ҳукмрони парлумонии "Қадами ман" Саркисянро бо импичмент таҳдид кард. Шӯрои Амният бошад ба президент тавсия додааст, ки Гаспарянро аз вазифа сабукдӯш кунад.

Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, дар посух, рафтани худи Пашинянро талаб карданд. Сарвазир инро ҳамчун кӯшиши табаддулот дониста, тарафдоронашро ба кӯчаҳо даъват кард.

Пашинян мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ тарки Арманистонро намекунад

Дар ҳамин ҳол, мухолифин дар наздикии парлумон хайма зада, хостори гуфтугӯ нестанд ва истеъфои сарвазирро талаб мекунанд.

228
Барчаспҳо:
муносибот, силоҳ, Никол Пашинян, Русия, Арманистон
Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 00:23 02.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки асъори миллӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта каме тақвият ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6174 то 13.8100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1527 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1515 - 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1515 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Пешгӯиҳо дар мавриди қурби рублу доллар дар моҳи март

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

0