Сомон барандаи медали биринҷии "Grand Slam Tashkent 2023" гардид

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Обуна шудан
Ба хазинаи варзишии Тоҷикистон ҳамакнун як медали тило ва як биринҷӣ тоза ворид шуд. Вале ин натиҷа ниҳоӣ набуда, рақобати ҷудокорони тоҷик дар Тошканд идома дорад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори тоҷик тавонист ба хазинаи варзишии Тоҷикистон боз як нишони фахрӣ - медали биринҷӣ орад.
Маҳмадбеков ҳарифи австрягии худро шикаст дод ва нишони биринҷии "Grand Slam Tashkent 2023"-ро соҳиб шуд.
Тоҷикистон дар рӯзи дуюми ин мусобиқаи бузург чор варзишгар Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Беҳрӯз Хоҷазода , Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Сомон Маҳмадбеков муаррифӣ намуданд.
Вале се варзишгари аввал шикаст хӯрда, аз идома рақобат маҳрум монданд.
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Беҳрӯз шикаст хӯрду Сомон барои нишони биринҷӣ мубориза мебарад
Маҳмадбеков тавонист се ҳарифашро шикаст диҳад, вале дар набард бо намояндаи Австрия шикаст хӯрд.
Дар даври ниманиҳоӣ ҷудокори тоҷик ҳарифи австрягии худро шикаст дод.
Ин аллакай дуввумин медали ҷудокорони тоҷик азмусобиқаи мазкур аст.
Дар рӯзи якуми мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023 зери вазни то 66 кг Эмомалии Нуралӣ барои Тоҷикистон нишони тилло гирифт.
Зимнан, рӯзи 5 март ба майдони набард Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Иброҳимҷон Элмуродов ва Темур Раҳимов -ҷудокорони тоҷик мебароянд.
Лентаи хабарҳо
0