ВМКБ ба минтақаи саноатӣ табдил меёбад?

© Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия "Норд Азия Металл"
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия Норд Азия Металл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Обуна шудан
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кардааст, ки то 35 солагии истиқлолияти давлатӣ сохтмони 92 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора Мақомоти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бунёди ин корхонаҳо то 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар соли 2023 дар вилоят ба истифода додани 29 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 374 ҷойи нави кор дар назар аст.
Таъкид бояд намуд, ки дар арафаи ташрифи навбатии ба вилоят (9-10 август) дар шаҳру ноҳияҳо 10 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.
Учитель во время урока. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2023
Дар ВМКБ қариб 400 омӯзгор намерасад
Инчунин дар соҳаи саноати дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ дар вилоят 4 корхонаи дорусозӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш (коркарди ангат) фаъолият намуда истодаанд.
Барои таъмини талаботи бозори дохилӣ бо сангҳои бинокорӣ ва дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани сангҳои ороишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайян анҷом дода шуданд.
Дар вилоят 11 корхона дар самти истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ ва сангҳои ороишӣ кор менамоянд.
Ёдовари мекунем, ки дар 6 моҳи соли равон 94 корхона ва коргоҳи саноатии вилоят тибқи ҳисоботи оморӣ ба маблағи беш аз 93 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё ба маблағи 4 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0