Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Бишкек шуд

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаҲавопаймои президенти Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои президенти Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Обуна шудан
Дар пойтахти Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баррасии масоили мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати расмӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунад.
Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллии кишвар, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Сироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Муҳриддин: Пеши ИДМ дар муқоиса бо 30 соли гузашта вазифаҳои боз ҳам мураккаб истодааст
Президенти Тоҷикистонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.
Дар феҳрасти масоили баррасишаванда дар мулоқот рушди муносибатҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама ба вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, фаъолияти пойгоҳи низомии 201 дар ҷумҳурӣ ва ғайра зикр гардида буданд.
Лентаи хабарҳо
0