Ташаббуси ҷаҳонии чинӣ бо ИИАО ҳамбаста мешавад

© Фотохост-агентство РИА Новости / Гузариш ба медиабонкФорум ЕАЭС
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Обуна шудан
Роҳбарияти Чин омодагияшро ба ҳамбаста сохтани ғояҳои ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баён дошт
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Чин омодаи таҳкими ҳамкорӣ бо Русия ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Чин, Си Ҷинпин дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Владимир Путин изҳор доштааст.
Ба гузориши телевизиони марказии Чин, Ҷинпин омодагии Пекинро барои ҳамбаста сохтани ғояҳои ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баён дошт.
Мужчина в кабинете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Шаҳрвандони кишварҳои ИИАО метавонанд фосилавӣ мақоми худиштиғолӣ бигиранд
"Чин омодаи ҳамкорӣ бо Русия ва дигар кишварҳои ИИАО барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар сатҳи болотар мебошад", - таъкид кардаст Ҷинпин.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё созмони минтақавие мебошад, ки ба таҳкими ҳамкории кишварҳои узв равона гардидааст.
Ташаккули бозорҳои умумии молу хизматрасонӣ, молияву сармоягузорӣ ва инчунин - қувваи корӣ самти афзалиятноки фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзёбӣ мешавад, ки дар навбати худ барои беҳбуди сифати зиндагии сокинони қаламрави созмон мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0