Қатъномаи СММ дар бораи оташбаси рамазонӣ дар Ғазза хашми Исроилро ба миён овард

© Пресс-служба МИД РТНа заседании Совета Безопасности ООН
На заседании Совета Безопасности ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Дар қатънома, ки 14 мамлакат ҷонибдорӣ кард, дар бораи ивази гаравгонҳо миёни Ҳамос ва ҳукумати Исроил чизе зикр нашудааст, ки ин боиси хашми Тел-Авив шуд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар бораи оташбас дар навори Ғазза барои моҳи Рамазон ҳатмист, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба муовини намояндаи расмии дабири кулли созмон Фарҳон Ҳақ.
"Ҳамаи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ ҳуқуқи байналмилалӣ мебошанд. Ин қатънома мисли ҳама гуна дигар аст. Аз ин рӯ, онҳо ҳамчун қонуни байналмилалӣ ҳатмӣ мебошанд", - таъкид кард ӯ.
Дар навбати худ, намояндаи доимии ИМА дар СММ Линда Томас-Гринфилд гуфт, ки қатъномаи қабулкардаи Шӯрои Амният “ҳатмӣ нест”.
Сироҷиддин Мухриддин, глава МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2024
Тоҷикистон бори дигари хостори оташбаси фаврӣ дар Фаластин шуд
Дар шарҳи изҳороти худ муовини аввали намояндаи доимии Русия Дмитрий Полянский таъкид кард, ки Маскав мушаххас хоҳад кард, ки дипломати амрикоӣ чиро дар назар дошт.
"Мо ба чунин нуқтаи назар нисбат ба қатъномаи Шӯрои Амният комилан розӣ нестем", — гуфт ӯ.
Намояндаи доимии Русия Василий Небензя дар навбати худ аз он изҳори таассуф кард, ки Томас-Гринфилд "Оинномаи СММ"-ро нахондааст".
Рӯзи душанбе Шӯрои Амнияти СММ барои нахустин бор аз 7 октябр ба ин сӯ қатъномаеро тасвиб кард, ки бо талаби оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза дар моҳи Рамазон, ки боиси оташбаси устувори дарозмуддат мешавад.
14 кишвар ба ҷонибдорӣ овоз доданд, Иёлоти Муттаҳида бетараф монд. Матни қатънома созиши оташбасро бо озод кардани рабудашудагон, ки барои Тел-Авив монеаи мемонад, вобаста намекунад.
Дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу алакай изҳор доштааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз мавқеъи пайвастааш дар бораи ҷанг дар навори Ғазза дур шудааст.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2024
Вазири умури хориҷаи Русия аз чораҳои зарурӣ барои ҳалли низои Фаластину Исроил гуфт
Он афзуд, ки ин ба талошҳои ҷангии Тел-Авив ва дурнамои баргардонидани гаравгонҳо зараровар аст.
Дафтари мазкур қайд кард, ки бо назардошти тағйири мавқеи Иёлоти Муттаҳида, Нетаняҳу тасмим гирифт, ки як ҳайати баландпояи худро ба Вашингтон нафиристад, ки бояд амалиёти тарҳрезишуда дар Рафаҳ дар навори Ғазза барои аз байн бурдани нерӯҳои боқимондаи Ҳаммос баррасӣ кунад.
Дар навбати худ, Исроил Катз, вазири умури хориҷаи Исроил, гуфт, ки то замони раҳоии ҳама гаравгонҳо, ҷангҷӯён дар навори Ғазза ҷангро бас нахоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0